Хислатҳои Паёмбар(с)
Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с), ки нубувват ба ӯ поён ёфт дар соли 570 мелодӣ ба дунё омад ва дар чиҳилсолагӣ паёмбар шуд. Сездаҳ сол мардумро ба Ислом даъват кард ва сахтиҳо ва мушкилоти фаровон кашид ва дар ин муддат гурӯҳе аз ҷавонони хубро тарбият кард ва пас аз он ба Мадина ҳиҷрат намуд ва онҷоро маркази ҳукумати худ қарор дод.
Даҳ сол дар Мадина озодона мардумро ба дини Худо даъват кард ва бо саркашони араб ҷангид ва ҳамаро мағлуб сохт. Пас аз даҳ сол ҳамаи Ҷазиратулараб (Арабистон) мусулмон шуданд. Оёти Қуръон оҳиста – оҳиста дар мудати бисту се сол бар он Ҳазрат нозил шуд. Мусулмонҳо шефтагӣ ва муҳаббати аҷибе нисбат ба Қуръон ва ҳам нисбат ба шахсияти Расули Акрам(с) нишон медоданд. Расули Акрам(с) дар соли ёздаҳуми ҳиҷрӣ, яъне ёздаҳумин соли ҳиҷрат аз Макка ба Мадина, ки бисту сеюмин соли паёмбарии ӯ ва шасту сеюмин соли умраш буд, аз дунё чашм пӯшид. Ӯ ҷомеаеро бунёд ниҳод, ки пур аз нишоти рӯҳӣ буд ва ба як дини созанда имон дошт ва эҳсоси масъулияти ҷаҳонӣ мекард.Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с), ки нубувват ба ӯ поён ёфт дар соли 570 мелодӣ ба дунё омад ва дар чиҳилсолагӣ паёмбар шуд. Сездаҳ сол мардумро ба Ислом даъват кард ва сахтиҳо ва мушкилоти фаровон кашид ва дар ин муддат гурӯҳе аз ҷавонони хубро тарбият кард ва пас аз он ба Мадина ҳиҷрат намуд ва онҷоро маркази ҳукумати худ қарор дод.
Он чӣ ба ин ҷомеаи навбунёд рӯҳу ваҳдат ва нишот дода буд, ду чиз буд: Аввал Қуръони Карим, ки ҳамеша тиловат мешуд ва илҳом мебахшид ва дуюм шахсияти азим ва бонуфузи Расули Акрам(с), ки хотираҳоро ба худ машғул мекард ва ҳамаро шефтаи худ карда буд. Акнун дар бораи шахсияти Расули Акрам(с) каме сӯҳбат мекунем.
Даврони кӯдакӣ
Ҳанӯз таваллуд нашуда буд, ки падараш дар сафари Шом дар Мадина аз дунё гузашт. Бобояш Абдулмутталиб бо фаросат ва ҳушёрии худ фаҳмида буд, ки наберааш ояндаи дурахшоне дорад.
Ҳаштсола буд, ки бобояш Абдулмутталиб аз дунё чашм пӯшид ва бар асоси васияти ӯ, Абутолиб амаки бузургаш, кафолати ӯро ба ӯҳда гирифт. Абутолиб низ аз рафтори аҷиби ин кӯдак, ки ба дигар кӯдакон шабоҳат надошт, ҳайрон мемонд.
Ҳаргиз дида нашуд, ки монанди кӯдакони ҳамсолаш нисбат ба таом ҳарис бошаду ба таоми кам басанда мекард ва аз пурхӯрӣ парҳез менамуд. Бар хилофи кӯдакони ҳамсолаш ва бар хилофи одат ва тарбияти он рӯз, мӯйҳои худро шона мекард ва сару сурати худро тамиз нигоҳ медошт.
Абӯтолиб рӯзе аз ӯ хост, ки дар ҳузури ӯ либосҳояшро барорад ва ба бистари хоб равад. Ӯ аз ин дастур нороҳат шуд, вале чун намехост аз дастури амаки худ сарпечӣ кунад, ба ӯ гуфт: Рӯятро баргардон то битавонам ҷомаамро барканам. Абутолиб аз ин сухани кӯдак ҳайрон шуд, чун дар араби он рӯз ҳатто мардони бузург аз урён кардани ҳама қисматҳои бадани худ шарме надоштанд. Абӯтолиб мегӯяд: "Ман ҳаргиз аз ӯ дурӯғ нашунидам, кори ношоиста ва хандаи беҷо надидам, ба бозиҳои бачаҳо майл надошт, танҳоӣ ва хилватро дӯст медошт ва дар ҳама ҳол мутавозеъ буд".
Нафрат аз бекорӣ ва беҳудагӣ
Аз бекорӣ ва беҳудагӣ безор буд ва мегуфт: "Худоё аз танбалӣ ва бенишотӣ, аз сустиву беҳавсалагӣ ва аз аҷзу забунӣ ба ту паноҳ мебарам". Мусулмононро ба кор ташвиқ мекард ва мегуфт: "Ибодат ҳафтод ҷузъ дорад ва беҳтарин ҷузъи он касби ҳалол аст."
Амонат
Пеш аз беъсат барои Хадиҷа, ки баъд ба ҳамсариаш даромад, як сафари тиҷоратӣ ба Шом анҷом дод. Дар он сафар беш аз пеш лаёқат ва истеъдод ва амонат ва дурусткориаш равшан шуд. Ӯ дар миёни мардум он чунон ба дурусткорӣ машҳур шуда буд, ки лақаби "Муҳаммадамин" ёфта буд. Амонатҳоро ба ӯ месупориданд. Пас аз беъсат низ Қурайш бо ҳама душмание, ки бо ӯ пайдо карда буданд, боз ҳам амонатҳои худро ба ӯ месупориданд. Аз ҳамин рӯ пас аз ҳиҷрат ба Мадина, Алӣ(а)- ро чанд рӯз дар Макка баъд аз худ боқӣ гузошт, то амонатҳоро ба соҳибони аслӣ бирасонад.
Мубориза бо зулм
Дар даврони ҷоҳилият бо гурӯҳе, ки онҳо низ аз зулм ва ситам ранҷ мебурданд, барои дифоъ аз мазлумон ва истодагӣ дар муқобили ситамгарон ҳампаймон шуд. Ин паймон дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷадъон, яке аз шахсиятҳои муҳимми Макка, баста шуд ва "Ҳалфул Фузул" номида шуд. Ӯ баъдҳо дар давраи рисолат аз он паймон ёд мекард ва мегӯфт: Ҳозир нестам он паймонро бишканам ва акнун низ ҳозирам дар чунин паймоне ширкат кунам.
Ахлоқи хонаводагӣ
Дар хонавода меҳрубон буд, нисбат ба ҳамсарони худ ҳеҷ гуна хушунате намекард ва ин бар хилофи хулқу хӯи маккиён буд. Бадзабонии баъзе аз ҳамсарони худро таҳаммул мекард, то он ҷо, ки дигарон аз ин ҳама таҳаммул ранҷ мебурданд. Ӯ ҳамаро ба хушрафторӣ бо занон тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт: Ҳамаи мардум дорои хислатҳои нек ва бад ҳастанд, мард набояд фақат ҷанбаҳои нописанди ҳамсари хешро дар назар бигирад ва ҳамсари худро тарк кунад, зеро ҳар гоҳ аз як хислати ӯ нороҳат шавад, хислати дигараш сабаби хушнудии ӯст ва ин дуро бояд бо ҳам ба ҳисоб овард. Ӯ бо фарзандон ва наберагони худ фавқулода меҳрубон буд. Ба онҳо муҳаббат мекард, рӯи домани хеш менишонд, бар дӯши хеш савор мекард, онҳоро мебӯсид ва ин ҳама бар хилофи хулқу хӯи он замон буд. Рӯзе дар ҳузури яке аз ашрофзодагон, набераи худ ҳазрати эмом Ҳасан(а) - ро бӯсид. Он мард гуфт: Ман ду писар дорам ва ҳанӯз як бор ҳам ҳеҷ кадоми аз онҳоро набӯсидаам. Паёмбар(с) фармуд: “Касе, ки меҳрубонӣ накунад раҳмати Худо шомили ҳолаш намешавад.”
Нисбат ба фарзандони мусулмонҳо низ меҳрубонӣ мекард, онҳоро рӯи зонӯи хеш нишонда дасти муҳаббат бар сари онҳо мекашид. Гоҳ модарон кӯдакони хурдсоли хешро ба ӯ медоданд, ки барои онҳо дуо кунад. Гоҳе кӯдакон рӯи ҷомааш идрор мекарданд модарон нороҳат шуда ва шарманда мешуданд ва мехостанд монеи идомаи идрори бача шаванд, вале ҳазрат онҳоро аз ин кор манъ мекард ва мегӯфт: Монеи идрори кӯдак нашавед, ин ки ҷомаи ман наҷас бишавад аҳамияте надорад, онро мешӯям.
Назофат ва бӯи хуш
Назофат ва бӯи хушро хеле зиёд дӯст медошт ва ҳам худаш риоят мекард ва ҳам ба дигарон дастур медод. Ба ёрон ва пайравони худ таъкид менамуд, ки тан ва хонаи хешро покиза ва хушбӯ нигоҳ доранд. Ба хусус рӯзҳои ҷумъа водорашон мекард, ки ғусл кунанд ва худро муаттар созанд, ки бӯи бад надиҳанд, онгоҳ дар намози ҷумъа ҳозир шаванд.
Муошират бо мардум
Дар муошират бо мардум меҳрубон ва кушодарӯ буд. Дар салом додан бо ҳама, ҳатто ба кӯдакону бардагон пешӣ мегирифт. Пои худро пеши ҳеҷ кас дароз намекард ва дар ҳузури касе такя намекард. Аксаран дузону менишаст ва дар маҷлисҳо доиравор менишаст, то маҷлис боло ва поёне надошта бошад ва ҳама ҷойгоҳи баробар дошта бошанд. Аз асҳобаш аҳволпурсӣ мекард, агар се рӯз яке аз асҳобро намедид суроғашро мегирифт, агар бемор буд ба диданаш мерафт ва агар гирифторӣ дошт кӯмакаш менамуд. Дар маҷлисҳо танҳо ба як фард нигоҳ намекард ва фақат бо як фард сӯҳбат намекард, балки нигоҳҳои худро дар миёни ҷамъ тақсим мекард. Аз ин ки бинишинад ва дигарон хидмат кунанд, танаффур дошт ва аз ҷо бар мехост ва дар корҳо ширкат мекард. Мегӯфт: Худованд дӯст надорад бандаеро бибинад, ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шудааст.
Нармӣ дар айни салобат
Дар масъалаҳои фардӣ ва шахсӣ ва он чӣ марбут ба шахси худаш буд, нарм ва мулоим ва бо гузашт буд. Гузаштҳои бузург ва таърихияш яке аз сабабҳои пешрафташ буд. Аммо дар масъалаҳои усулӣ ва умумӣ ва он ҷо, ки ҳарими қонун буд, сахтӣ ва салобат нишон медод ва дигар гузашту бахшиш надошт. Пас аз фатҳи Макка ва пирӯзӣ бар Қурайш, тамоми бадиҳое, ки Қурайш дар тӯли бист сол нисбат ба худи ӯ раво дида буданд, нодида гирифт ва ҳамаро якбора бахшид. Тавбаи қотили амаки маҳбубаш Ҳамзаро пазируфт. Аммо дар ҳамон фатҳи Макка зане аз Бани Махзум дуздӣ карда буд ва ҷурмаш равшан гардида буд, Паёмбар(с) дастур дод то ҳадди Илоҳӣ дар ҳаққи ӯ иҷро шавад. Хонадони он зан, ки аз бузургони Қурайш буданд ва иҷрои ҳадди дуздиро тавҳине ба худ медонистанд, сахт ба такопӯ афтоданд, то Расули Худо(с) аз иҷрои ҳад сарфи назар кунад. Баъзе аз саҳобаи муҳтарамро ба шафоат барангехтанд, вале ранги Расули Худо аз хашм барафрӯхта шуд ва гуфт: Чӣ ҷои шафоат аст? Магар қонуни Худоро метавон ба хотири афрод таътил кард? Ҳангоми асри он рӯз дар миёни ҷамъе суханронӣ карду гуфт: «Ақвом ва миллатҳои гузашта аз он ҷиҳат суқут карданд ва аз байн рафтанд, ки дар иҷрои қонуни Худо беадолатӣ мекарданд. Ҳаргоҳ яке аз қудратмандон ва забардастон гуноҳ мекард бахшида мешуд ва агар заиф ва зердасте гуноҳ мекард, муҷозот мегашт. Қасам ба Худое, ки ҷонам дар дасти ӯст, дар иҷрои ҳадди Илоҳӣ дар бораи ҳеҷ кас сустӣ намекунам, ҳар чанд аз наздиктарин хешовандони худам бошад».
Ибодат
Порае аз шаб, гоҳе нисф, гоҳе сеяк ва гаҳе ду сеяки шабро ба ибодат мепардохт. Бо ин ки тамоми рӯзаш, хусусан дар вақтҳои дар Мадина буданаш, ҳамеша дар талош буд, аз вақти ибодаташ намекост. Ӯ оромиши комили худро дар ибодат ва розу ниёз бо Ҳақ меёфт. Ибодаташ барои расидан ба биҳишт ва ё тарс аз ҷаҳаннам набуд, балки ошиқона ва сипосгузорона буд. Рӯзе яке аз ҳамсаронаш гуфт: Ту чаро он ҳама ибодат мекунӣ? Ту ки бахшида шудаӣ. Ҷавоб дод: Оё як бандаи сипосгузор набошам?
Бисёр рӯза мегирифт, илова бар моҳи Рамазон ва қисмате аз Шаъбон, як рӯз дар миён рӯза мегирифт, даҳаи охири моҳи Рамазон бистараш ба куллӣ ҷамъ мешуд ва дар масҷид эътикоф менишаст ва яксара ба ибодат мепардохт, вале ба дигарон мегуфт: Басанда аст дар ҳар моҳ се рӯз рӯза бигиред, мегуфт: Ба андозаи тоқат ибодат кунед, беш аз зарфияти худ бар худ таҳмил накунед, ки таъсири баръакс дорад. Бо руҳбоният ва гӯшагирӣ ва тарки аҳлу аёл мухолиф буд. Баъзе аз асҳоб, ки чунин тасмиме гирифта буданд, мавриди инкор ва маломат қарор гирифтанд. Мефармуд: Бадани шумо, зан ва фарзанди шумо ва ёрони шумо ҳама ҳуқуқе бар шумо доранд ва мебояд онҳоро риоят кунед . Дар ҳоли танҳоӣ ибодатро тӯл медод, гоҳе дар ҳоли таҳаҷҷуд соатҳо саргарм буд. Аммо дар ҷамоат риояти ҳоли инсонҳои заиф ва намозгузоронро лозим мешумурд, бинобар ин намозро тӯлонӣ намекард ва ба он тавсия мекард.
Зуҳд ва содазистӣ
Зуҳд ва содазистӣ аз усули зиндагии ӯ буд. Содда таом мехӯрд, содда либос мепӯшид ва содда роҳ мерафт. Зерандозаш бисёр вақт ҳасир (бӯрё) буд, бар рӯи замин менишаст, бо дасти худ аз буз шир меҷӯшид ва бар маркаби бе зину полон савор мешуд ва намегузошт касе дар канораш пиёда ҳаракат кунад. Таоми ҳаррӯзааш нони ҷавину хурмо буд. Ҷойҳои пора шудаи кафш ва ҷомаашро бо дасти худ медӯхт. Дар айни содазистӣ тарафдори фақр набуд, мол ва сарватро ба суди ҷомеа ва барои сарфи он, дар ҷойҳои машруъ лозим мешуморид ва мегуфт: “Чӣ некӯ аст сарвате, ки аз роҳи машруъ ба даст ояд барои одаме, ки шоистаи доштани сарват бошад ва бидонад чӣ гуна сарф кунад”. Ва ҳам мефармуд: “Мол ва сарват кӯмаки хубе аст барои тақво.”
Раҳбарӣ ва мудирият ва машварат
Бо инки фармонаш миёни асҳоб бе даранг иҷро мешуд ва онҳо борҳо мегуфтанд: Чун ба ту имони қотеъ дорем агар фармон диҳӣ, ки худро дар дарё ғарқ кунем ва ё дар оташ бияфканем, мекунем. Ӯ ҳаргиз ба равиши мустабиддон ва золимон рафтор намекард ва дар корҳое, ки аз тарафи Худо дастур нарасида буд бо асҳоб машварат мекард ва назари онҳоро муҳтарам мешумурд ва аз ин роҳ ба онҳо шахсият медод. Дар масъалаи иқдом ба ҷанг ва ҳамчунин муайян кардани маҳалли урдугоҳ ва тарзи рафтор бо асирони ҷангӣ бо асҳоб машварат кард. Дар Уҳуд низ дар бораи ин ки шаҳри Мадинаро урдугоҳ қарор диҳанд ва ё урдугоҳро ба хориҷ баранд ба машварт пардохт. Дар ҷангҳои Ҳандақ ва дар Табук низ бо асҳоб машварат кард.
Нармӣ ва меҳрубонии Пайғамбар(с), бахшиш ва гузашташ, истиғфорҳояш барои асҳоб ва бетобияш барои бахшиши гуноҳони уммат, ҳамчунин эҳтиромаш ба асҳоб ва машварат кардан бо онҳо ва шахсият додан ба онҳо, сабабҳои асосии нуфузи азим ва беназири ӯ дар ҷамъи асҳобаш буд. Қурони Карим бар ин матлаб ишора мекунад, он ҷо, ки мефармояд: “Ба сабаби меҳрубоние, ки Худо дар дили ту қарор додааст, ту бо ёрони хеш нармиш нишон медиҳӣ. Агар ту дуруштхӯ ва сахтдил мебудӣ, аз гирдат пароканда мешуданд, пас авфу бахшоиш дошта бош ва барои онҳо назди Худованд истиғфор кун ва бо онҳо дар корҳо машварат кун. Ҳар гоҳ қасдат ба қатъ расид, дигар бар Худо таваккул кун ва шак бар худат роҳ мадеҳ.”
Назм ва инзибот
Назм ва инзибот дар корҳояш ҳукмфармо буд, вақтҳои худро тақсим мекард ва дигаронро ҳам ба ин амал тавсия менамуд. Асҳобаш таҳти таъсири нуфузи ӯ дақиқан назмро риоят мекарданд. Баъзе тасмимотро лозим мешуморид ошкор накунад ва пинҳон мекард, ки мабодо душман аз он огоҳ гардад. Ёронаш тасмимоташро бе чуну чаро ба кор мебастанд. Масалан фармон медод, ки омода бошед фардо ҳаракат кунем, ҳама ба тарафе, ки ӯ фармон медод ҳамроҳаш равона мешуданд, бе он ки аз мақсади ниҳоӣ огоҳ бошанд ва дар лаҳзаҳои охир огоҳ мешуданд. Гоҳ ба иддае дастур медод, ки ба тарафе ҳаркат кунанд ва номае ба фармондеҳи онҳо медод ва мегуфт баъд аз чанд рӯз, ки ба фалон маҳал расидӣ номаро боз кун ва дастурро иҷро кун. Онҳо чунин мекарданд ва пеш аз расидан ба он нуқта онҳо намедонистанд мақсади ниҳоӣ куҷост ва барои чӣ маъмурияте мераванд. Бадин тартиб душман ва ҷосусҳои душманро бе хабар мегузошт ва гоҳе онҳоро ғофилгир мекард.
Ба интиқодҳо гӯш медод ва аз маддоҳӣ ва чоплусӣ нафрат дошт. Ӯ гоҳе бо шикоятҳои бархе ёрон рӯбарӯ мешуд. Аммо бе он ки дуруштӣ кунад назарашонро ба он чӣ худ тасмим гирифта буд ҷалб ва мувофиқ мекард.
Аз шунидани маддоҳӣ ва чоплусӣ безор буд, мегӯфт:: Ба чеҳраи маддоҳон ва чоплусон хок бипошед.
Маҳкамкориро дӯст дошт, мехост кореро, ки анҷом медиҳад маҳкам ва дуруст бошад, то он ҷо, ки вақте ёри мухлисаш Саъд ибни Маоз аз дунё рафт ва ӯро дар қабр ниҳоданд, ӯ бо дасти худ сангҳо ва хиштҳои ӯро ҷобаҷо ва маҳкам кард ва онгоҳ гуфт:
Ман медонам, ки туле намекашад ҳамаи инҳо хароб мешавад, аммо Худованд дӯст дорад, ки ҳаргоҳ бандае коре анҷом медиҳад, онро маҳкам ва мутқан анҷом диҳад.
Доро будани шароити раҳбарӣ
Тамоми шароити раҳбариро дар ҳадди камол дошт, аз қабили ҳисси ташхис, қотеият, тардид ва дудилагӣ надоштан, шаҳомат, аз оқибатҳои эҳтимолӣ тарс надоштан, пешбинӣ ва дурандешӣ, зарфияти таҳаммули интиқодот, шинохти афрод ва тавоноиҳои онҳо ва додани ихтиёрот мувофиқи тавоноиҳо, нармӣ дар масоили фардӣ ва салобат дар масоили усулӣ ва шариатӣ, шахсият додан ба пайравон ва ба ҳисоб овардани онҳо ва парвариши истеъдодҳои ақлӣ ва отифӣ ва амалии онҳо, парҳез аз зулму истибдод ва аз майл ба итоати кӯркӯрона, тавозӯъ ва фурӯтанӣ, содагӣ ва қаноат, виқор ва матонат, алоқаи шадид ба созмон ва ташкилот барои шакл додан ва интизом бахшидан ба нерӯҳои инсонӣ. Ӯ мегуфт: "Агар се нафар бо ҳам мусофират мекунед, як нафаратонро ба унвони раис ва фармондеҳ интихоб кунед."
Дар дастгоҳи ҳукуматии худ дар Мадина ташкилоти хос тартиб дод. Аз он ҷумла ҷамъе дабир ба вуҷуд овард ва ҳар дастае кори махсусе дошт. Бархе котиби ваҳй буданд, ки Қуръонро менавиштанд, баъзе мутасаддии номаҳои хусусӣ буданд, баъзе ақдҳо ва муомилоти мардумро сабт мекарданд, баъзе дафтарҳои садақот ва молиётро менавиштанд, баъзе масъули аҳдномаҳо ва паймонномаҳо буданд. Дар китобҳои таърих аз қабили "Таърихи Яъқубӣ" ва "Алтанбия ва алашроф"и Масъудӣ ва "Муъҷамулбулдон"и Билозарӣ ва "Табақот"и Ибни Саъд ҳамаи инҳо забт ва навишта шудааст.
Ташвиқ ба илм
Ба илм ва савод ташвиқ мекард, кӯдакони асҳобашро водор мекард, ки савод биомӯзанд. Баъзе аз ёронашро фармон дод то забони Сирёнӣ биёмӯзанд. Мегуфт: Фаро гирифтани илму дониш бар ҳар мусулмон фарз ва воҷиб аст. Ва ҳам низ фармуд: Ҳикматро дар ҳар куҷо дар назди ҳар кас гарчӣ мушрик ва мунофиқ бошад ёфтед, аз ӯ бигиред.
Ва ҳам фармуд: Илмро ҷустуҷӯ кунед гарчи барои бадаст овардани он то Чин сафар кунед. Ин таъкид ва ташвиқҳо дар бораи илм сабаб шуд, ки мусулмонон бо ҳиммат ва суръати беназире ба ҷустуҷӯи илм дар ҳамаи соҳаҳо ба сафарҳои дурдаст баромаданд. Асарҳои илмиро ҳар куҷо ба даст меоварданд ва тарҷума мекарданд ва худ ба таҳқиқ пардохта ва аз ин роҳ, илова бар ин ки ҳалқаи иртиботе миёни тамаддунҳои қадими юнонӣ ва румӣ ва эронӣ ва мисрӣ ва ҳиндӣ ва ғайра ва тамаддуни ҷадиди аврупоӣ шуданд, худ яке аз шукуҳмандтарин тамаддунҳо ва фарҳангҳои таърихи башариятро офариданд, ки ба номи тамаддун ва фарҳанги исломӣ шинохта мешавад. Хулқу хӯяш монанди суханаш ва монанди динаш ҷомеъ ва ҳамаҷониба буд.
Таърих ҳаргиз шахсияте монанд ӯро ёд надорад, ки дар ҳама абъоди инсонӣ дар ҳадди камолу тамом буда бошад, ӯ ба ростӣ инсони комил буд. (баргирифта аз- http://tojikon.org
Комментариев нет:
Отправить комментарий