среда, 28 мая 2008 г.

Дуо


dua « قل ما يعبؤ بكم ربى لو لادعاؤكم »
“Бигӯ агар дуои шумо набуд, Худо ба шумо чӣ эътиное дошт”.

Дуо иборат аст аз садо задан ва мадад хостан барои ҳалли мушкилот аз холиқи худ ва изҳори фӯрӯтанӣ дар муқобили ӯ.
Дуо содатарин ва оддитарин робитаи инсон бо Худованд аст, ки дар натиҷаи он, дили инсон бо ихтиёр ба Худованд таваҷҷӯҳ мекунад ва бар рӯҳи ӯ асар мегузорад ва гоҳе асари он таваҷҷӯҳ, дар забон ошкор мешавад.
Дуо силоҳи мӯъмин ва василаи наздик шудан ба Худованд ва ҳақиқати ибодат ва ёди ҳақ ва гуфтугӯ бо Парвардигори олам аст. Ҳоҷат хостан баҳонаи рафтан ба дари хонаи дӯст ва розу ниёз бо яктои бениёз аст.
Дуо кӯбидани дари раҳмати Ҳақ ва сабаби нузули баракоти Худованд аст.
Дуо мояи нишоти рӯҳ ва ҳаёти ҷон ва калиди бахшишҳои илоҳӣ аст.
Дуо аз масъалаҳое аст, ки дар фарҳанги Ислом нисбат ба он таваҷҷӯҳи бисёр шудааст, лизо шоиста аст, ки ҳақиқати он равшан гардад.

Ҳақиқати дуо
Зиндагии дунё ба гунае аст, ки хоҳ-нохоҳ таваҷҷӯҳи инсонро то ҳудуде ба умури моддӣ ҷалб мекунад. Аммо воқеият ин аст, ки инсон барои наздик шудан ба Худо офарида шудааст ва бояд аз тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ барои расидан ба ин мақсуд баҳра гирад. Яке аз беҳтарин роҳҳо барои наздик шудан ба Худо он аст, ки ҳар рӯз лаҳзаҳое аз умри худро сарфи таваҷҷӯҳи холис ба Парвардигор кунем. Ин таваҷҷӯҳ бештар дар намоз ҷилвагар мешавад, ки дар намоз дуоҳое дар ҳоли қунут ва дигар ҳолатҳо хонда мешавад. Илова бар ин, дар ривоёт барои қабл ва баъд аз намоз низ дуоҳои дигар ворид шудааст. Ҳатто метавон худи намозро навъе дуо донист ва чунон ки гуфта шудааст, калимаи “салот” дар асли луғат ба маънои дуо аст.
Дуо таваҷҷӯҳ ба боргоҳи Ҳазрати Маъбуд аст ва барои мӯъминон навъе меъроҷи рӯҳӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меояд. Ҳақиқати дуо фақат талаффузи порае аз калимаҳо ва риояти бархе аз одоби хос нест, балки таваҷҷӯҳи қалбии инсон ба Худованди олам аст. Ба ҳамин далел ҳар миқдор маърифат ва муҳаббати инсон ба Худованд зиёд бошад, таваҷҷӯҳаш ҳам ба Худованд бештар хоҳад буд. Ба ҳамин хотир бояд пеш аз он ки даст ба дуо бардорем ва ҳамчунин ҳангоми дуо нисбат ба сифоти Худованд таваҷҷӯҳи лозимро дошта бошем.
Ҳақиқати дуо ҳамон ибодат аст, ибодате, ки агар ба дурустӣ анҷом шавад аз ҷиҳати таваҷҷӯҳ ба Худо бар бисёр ибодатҳо бартарӣ дорад. Дар ривояте аз Расули Акрам(с) омадааст, ки мефармоянд:
“الدعاء مخ العبادة ”
“Дуо мағзи тамоми ибодат аст.”
Дар воқеъ дуо яке аз беҳтарин роҳҳои расидан ба камоли маърифат ва шинохти Худованд аст.
Дуо нури ибодат аст ва аз тарафи дигар, танҳотарин роҳи расидан ба камоли инсоният, ибодат аст. Пас дуо яке аз роҳҳои такомули инсоният хоҳад буд.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:
“Маро бихонед то дуои шуморо иҷобат кунам” ва ҷои дигар мефармояд:
“Ба дурустӣ касоне, ки аз бандагии ман сарпечӣ кунанд ва худро бузургтар аз он бидонанд, ки дар муқобили азамати илоҳӣ таъзим кунанд ва мутакаббирона аз ибодати ман саркашӣ кунанд, бо зиллату хорӣ вориди ҷаҳаннам хоҳанд шуд” (Ғофир/60)
Бо таваҷҷӯҳ ба ду ояи мазкур маълум мешавад, ки сарпечӣ аз ибодати Худованд ва кибру худхоҳӣ сабаби хашми илоҳӣ хоҳад шуд, ҳамчунин маълум мешавад, ки дуо навъе ибодати Худованд ба шумор меравад. Дар натиҷа тарки дуо ва ё бетаваҷҷӯҳӣ ба дуо, ҳам сабаби хашми Худованд хоҳад шуд ва ҳам он натиҷаеро хоҳад дошт, ки тарки ибодат дорад, яъне бо зиллату хорӣ вориди ҷаҳаннам шудан.
Ва аммо барои он ки ибодат будани дуо беҳтар мушаххас шавад, масъалаи ихлос дар он матраҳ шудааст. Он ҷо, ки мефармояд:
فادعواالله مخلصين له الدين
”Пас Худоро бо ихлос бихонед, ки дини холис махсуси Худованд аст.” (Ғофир/14).
http://tojikon.org

Комментариев нет: