воскресенье, 22 июня 2008 г.

Суханони пандомуз01



Андешаҳо

Эй бародар ту ҳама андешаӣ
Мобақӣ ту устухону решаӣ

Занҷири поҳои зиндагӣ

Яке мегуфт:
Зиёд дидаем, ки ростиро бар фиреб асар набуд ва фиребро завол нест.
Дигаре мегуфт:
Бо ҳар фиреб, фиреби дигаре аст.
Ҳар дуро шунидаму худ ба худ андешидам:
Пас тавони ростӣ куҷост? Магар фиреб силсилаи занҷирест, ки бо он поҳои зиндагиро бастаанд?!

Садафи бегавҳар

Рӯзгор, баландии мардро аз мансабу мақом бисёр дидааст. Аммо марде, ки мансабро баландию зинат бахшида бошад бисёр аст? Оқилон дидаанд, ки аз мардӣ то ба номардӣ як қадам роҳ аст. Ҷоҳу мансаб аст, ки номардонро шабеҳи мардон карда.
Бешарафон кай донанд, ки муқаллид на он аст, ки муҳаққиқ. Агар медонистанд, ки шаъни мард ба тақлид баланд намегардад, ҳаргиз сар зи каф дода пой бар роҳи тақлид намегузоштанд ва аз хунсардӣ лофи мардӣ намезаданд. Мардони бешараф садафи бегавҳаранд ва садафе, ки андарунаш гавҳар нест, аз он чӣ суд?

Роҳ ҳам туӣ, роз ҳам туӣ

Эй раҳрави саргаштаи роҳи вуҷуд! Роҳи мақсуд чӣ меҷуӣ ва аз оташи ҷаҳаннам чӣ мегӯӣ? Аз сурати биҳишт чӣ мебинӣ ва аз сирати сирр чӣ мепурсӣ? Ин ҳама нақше аст аз олами пир ва ҳадисе аст аз дунёи ҷавон! Оташи ҷаҳаннам, ки мегӯӣ, дар вуҷудат ҳаст, ҷамоли биҳишт ҳам, ки меҷӯӣ дар вуҷудат ҳаст.
Роҳ ҳам туӣ, роз ҳам туӣ, асрори нақши дунёи куҳан ва ҳадиси ҷаҳони нав ҳам туӣ...
Чашми зоҳир бишкофу чашми ботин бигшо, ҳамоно хилқати зебоии биҳиштро хоҳӣ дид ва нишоту таровати онро хоҳи ёфт!

Комментариев нет: