Яке аз муҳимтарин баҳсҳои ақидатӣ дар Ислом, масъалаи имомат аст, ки сабаби пайдоиши ихтилофоти шадид дар миёни мусулмонон гаштааст.
Ҷангҳо ва кушторҳои зиёде бар сари ин масъалаи ҳаётӣ рух додааст ва дар асри мо низ решаи бисёре аз гирифториҳои мусалмонон ва ақибмондагиҳои онҳо аз қофилаи тамаддуни башарӣ ба хотири бардоштҳои нодуруст аз масъалаи имомат аст. Лизо барои бартараф кардани мушкилоти мусалмонон ва бар гардонидани шавкат ва азамати мусалмонон ва ҳокимияти дини Худо дар миёни онҳо, бояд масъалаи имомат аз дидгоҳи Қуръону суннат ва ақлу нақл баррасӣ шавад, то дигар каҷфаҳмиҳоу душманиҳо дар миёни мусулмонон боқӣ намонад. Баҳс аз имомат дар нигоҳи мотуридиён аз усули эътиқодӣ набуда, балки аз мутаммимот(яъне комилкунандаи) масъалаи нубувват ба шумор меояд.(1) Аммо дар низоми фикрии онон ин масъала ҷойгоҳи хоссе дорад ва ҳаҷми зиёде аз осори ононро ба худ ихтисос додааст.
Имомат дар луғат
Имом касе аст, ки дигарон ӯро пешвои худ медонанд ва дар қавлу феъл аз ӯ пайравӣ мекунанд.
Қозӣ Абдулҷаббор дар ин маврид мегӯяд:
Имом дар луғат ба касе мегӯянд, ки пешрав бошад, ҳоло фарқ намекунад мустаҳаққи раҳбарӣ бошад ё набошад. Аммо дар шаръ ба касе мегӯянд, ки вилоят бар уммат ва тасарруф дар корҳояшон дошта бошад ба тавре, ки дасте болотар аз он набошад.(2)
Имомат дар истилоҳ
Тафтазонӣ дар “Шарҳи Ақоиди Насафӣ,” ки бар тибқи назари мотуридия онро шарҳ кардааст, мегӯяд:
Имомат ва хилофат ниёбат аз Расули Худо(с) аст, барои барпо доштани умури дин, бинобар ин бар тамоми мардум воҷиб аст, ки аз ӯ итоат кунанд.(3)
Дар “Шарҳи Мавоқиф” низ дар мавриди имомат чунин омадааст:
Имомат иборат аст аз ҷонишинии Расули Худо(с) дар барпо доштани дин ба гунае ки бар тамоми уммат воҷиб аст аз ӯ пайравӣ намоянд.(4)
Аз ин иборатҳо ин гуна истифода мешавад, ки агар ба шахсе ба таври мутлақ имом гуфта шуд бояд дар тамоми корҳои, дунявӣ ва ухравӣ, моддию маънавӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ғайра имомат ва пешвоӣ дошта бошад ва тамоми корҳоро бар тибқи қавонини дин идора ва роҳнамоӣ кунад. Ба таври хулоса худаш намунаи комили диндорӣ бошад ва дар сироти мустақими шариат сайру сулук кунад. Чунин шахсеро метавон ба таври мутлақ имом ва пешво ва пешрави мардум шумурд.(5)
Вале омма ва мотуридия имоматро як мансаби иҷтимоӣ ва дунявӣ дар ҳадди як султон ва раиси ҷумҳур медонанд ва имомати фосиқ ва золим ва ҷоҳилро ҷоиз медонанд, ки танҳо вазифаи ӯ ҳифзи марзҳои муслимин ва дифоъ аз мусалмонон ва иҷрои қонунҳои шариат аст.
Имомат дар Қуръон
Дар Қуръон маъноҳои гуногуне барои имом зикр шудааст монанди: раҳбар, китоби ошкор, лавҳи маҳфуз, пешвои аҳкоми амалӣ, роҳу равиш, тариқ, номаи амал ва ғайра(6) вале мо дар ин ҷо танҳо бахши аввал; яъне “роҳбар” ро зикр мекунем:
Чун Иброҳимро парвардигораш бо калимоте биёзмуд ва вай он ҳамаро ба анҷом расонид (Худо ба ӯ) фармуд ман туро пешвои мардум қарор додам. (Иброҳим) пурсид аз хушовандонам (чи тавр)? Фармуд: паймони ман ба золимон намерасад.(7)
Дар тавзеҳи ин матлаб метавон инро гуфт, ки имомат ҳам дар заминаи такомули инсон ва ҳам дар заминаи инҳитоти ӯ матраҳ мешавад. Агар инсон аз назари ақлӣ такомул ёфт ва истеъдодҳои нек дар ӯ пайдо шуд инсони комил ва имом мегардад ва дар ин сурат имомат ба маънои роҳнамоӣ ва раҳбарӣ ба ҳадафи ниҳоии офариниши инсон аст.
Аммо агар инсон дар ҷиҳати хилофи фалсафаи офариниши худ қадам ниҳод ва такомул ёфт боз ҳам “имом” аст, аммо ба маънои роҳнамоӣ ва раҳбарӣ ба гумроҳӣ. Дар мавриди чунин пешвоёне Қуръон оётеро зикр кардааст, аз ҷумла дар сураи Қасас дар мавриди Фиръавн ва пайравонаш мефармояд:
“Фиръавниёнро имом ва пешвоёне кардем, ки одамонро ба сӯи ҷаҳаннам роҳнамоӣ мекунанд ва рӯзи растохез ёрӣ нахоҳанд шуд.”(8) Албатта он чизе, ки мо мехоҳем онро таъриф ва исбот кунем, имомати мусбат аст.
Шахсе ба ин мақом мерасад, ки дар муқобили балоҳо ва имтиҳонҳои Худованд сабру бурдборӣ аз худ нишон диҳад ва дар анҷоми вазифаҳои илоҳӣ кӯтоҳӣ накунад, муртакиби гуноҳ нашавад, бар нафси худ ғолиб барояд ва ҳамчунин бо чашми дил Худоро бишносад ва ба мартабаи яқин бирасад ва дар ҳамаи ҳолат Худоро дар назар бигирад ва ҳар коре, ки анҷом медиҳад барои Худо анҷом диҳад. Чунин шахс лаёқати имоматро дорад.
Имомат дар аҳодиси Пайғамбар(с)
Ҳамаи мазҳабҳои исломӣ ҳадиси “касе, ки бимирад ва имоми замонашро нашносад монанди касе аст, ки дар ҷоҳиҳилият мурда бошад” ба сурати мутавотир нақл кардаанд ва ин ҳадис мавриди қабули мотуридия низ воқеъ шудааст. Абу Ҳафси Насафӣ дар Ақоиди насафия ва Тафтазонӣ дар шарҳи он аз ин ҳадис истифода намуда ва далолати онро бар зарурати имом дар ҷомеа ва лозим будани маърифати ӯ ва итоат аз ӯ мавриди баҳс қарор додаанд.
Тибқи ин ҳадис, ки аз Пайғамбар(с) нақл шудааст вуҷуди имом барои боқи мондани насли инсон зарурат дорад. Ҳар вақт насли башар дар рӯйи замин бошад имом ва ҳуҷҷат низ дар миёнашон бояд бошад. Ин ҳадисро шиа ва суннӣ аз ҷиҳати маъно ба таври мутавотир нақл кардаанд.(9)
Аммо ин ки баъзеҳо гуфтаанд, ки мақсад аз имоми замон Қуръон аст,(10) ин сухан бо маънои ҳадис созгорӣ надорад, зеро:
Аввалан китобро ба маънои имом гирифтан муҷоз ва хилофи зоҳир аст. Ва ҳамчунин изофа кардани калимаи замон ба имом ин маъноро дорад, ки дар ҳар замоне имоме вуҷуд дорад, вале Қуръон дар тамоми замонҳо ҳозир аст. Ҳамчунин имоми гузаштаро имоми замон намегӯянд. Пас маълум мешавад, ки дар ҳар замоне имоми замоне бояд бошад, ки мардум ӯро бояд бишносанд ва аз ӯ пайравӣ кунанд.(11) Ҳамчунин байъат бо имом ва қабул кардани вилояти ӯ дар ҷомеа бо Қуръон созгорӣ надорад ва дар мудатти 15 аср ҳеҷ вақт гуфта нашудааст, ки мусалмонон бо Қуръон байъат кардаанд балки байъат бо халифа, ки ҳокими асри худ будааст, анҷом мешудааст.
Саъдидини Тафтазонӣ дар Шарҳи мақосид зери ҳадиси “ман мота ....” мегӯяд:
Лозим будани итоат ва шинохтани имом инро металабад, ки имом бояд насб шавад.(12)
Пайнавиштҳо:
1- Ибни Ҳумом, Алмусоира, с 5
2- Лисон-ул-араб, ҷ 1, с 109, моддаи умам
3- Ҷомеъ-ул-ақоид, Шарҳи ақоиди Насафӣ, Саъдидини Тафтазонӣ, с 843
4- Шарҳи мавоқиф, ҷ 8, с 345
5- Баррасии масоили куллии имомат, с 26-27
6- Руҷуъ шавад ба сураҳои Ёсин, ояти 12, Аҳқоф, ояти 12, Ҳиҷр, ояти 79, Саҷда, ояти 24
7- Сураи Бақара, ояти 124
8- Сураи Қасас ояти 41 ва Тавба ояти 12.
9- Шарҳи мақосид, ҷ 5, с 239,
10- Тафсири Табарӣ, 8\ 116, ва Тафсири Фахри Розӣ, 21,17
11- Ҳаёт-ул-қулуб, (5) имомшиносӣ, Аллома Маҷлисӣ (раҳ) с 79
12- Шарҳи мақосид, ҷ 5, с 239
Ҷангҳо ва кушторҳои зиёде бар сари ин масъалаи ҳаётӣ рух додааст ва дар асри мо низ решаи бисёре аз гирифториҳои мусалмонон ва ақибмондагиҳои онҳо аз қофилаи тамаддуни башарӣ ба хотири бардоштҳои нодуруст аз масъалаи имомат аст. Лизо барои бартараф кардани мушкилоти мусалмонон ва бар гардонидани шавкат ва азамати мусалмонон ва ҳокимияти дини Худо дар миёни онҳо, бояд масъалаи имомат аз дидгоҳи Қуръону суннат ва ақлу нақл баррасӣ шавад, то дигар каҷфаҳмиҳоу душманиҳо дар миёни мусулмонон боқӣ намонад. Баҳс аз имомат дар нигоҳи мотуридиён аз усули эътиқодӣ набуда, балки аз мутаммимот(яъне комилкунандаи) масъалаи нубувват ба шумор меояд.(1) Аммо дар низоми фикрии онон ин масъала ҷойгоҳи хоссе дорад ва ҳаҷми зиёде аз осори ононро ба худ ихтисос додааст.
Имомат дар луғат
Имом касе аст, ки дигарон ӯро пешвои худ медонанд ва дар қавлу феъл аз ӯ пайравӣ мекунанд.
Қозӣ Абдулҷаббор дар ин маврид мегӯяд:
Имом дар луғат ба касе мегӯянд, ки пешрав бошад, ҳоло фарқ намекунад мустаҳаққи раҳбарӣ бошад ё набошад. Аммо дар шаръ ба касе мегӯянд, ки вилоят бар уммат ва тасарруф дар корҳояшон дошта бошад ба тавре, ки дасте болотар аз он набошад.(2)
Имомат дар истилоҳ
Тафтазонӣ дар “Шарҳи Ақоиди Насафӣ,” ки бар тибқи назари мотуридия онро шарҳ кардааст, мегӯяд:
Имомат ва хилофат ниёбат аз Расули Худо(с) аст, барои барпо доштани умури дин, бинобар ин бар тамоми мардум воҷиб аст, ки аз ӯ итоат кунанд.(3)
Дар “Шарҳи Мавоқиф” низ дар мавриди имомат чунин омадааст:
Имомат иборат аст аз ҷонишинии Расули Худо(с) дар барпо доштани дин ба гунае ки бар тамоми уммат воҷиб аст аз ӯ пайравӣ намоянд.(4)
Аз ин иборатҳо ин гуна истифода мешавад, ки агар ба шахсе ба таври мутлақ имом гуфта шуд бояд дар тамоми корҳои, дунявӣ ва ухравӣ, моддию маънавӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ғайра имомат ва пешвоӣ дошта бошад ва тамоми корҳоро бар тибқи қавонини дин идора ва роҳнамоӣ кунад. Ба таври хулоса худаш намунаи комили диндорӣ бошад ва дар сироти мустақими шариат сайру сулук кунад. Чунин шахсеро метавон ба таври мутлақ имом ва пешво ва пешрави мардум шумурд.(5)
Вале омма ва мотуридия имоматро як мансаби иҷтимоӣ ва дунявӣ дар ҳадди як султон ва раиси ҷумҳур медонанд ва имомати фосиқ ва золим ва ҷоҳилро ҷоиз медонанд, ки танҳо вазифаи ӯ ҳифзи марзҳои муслимин ва дифоъ аз мусалмонон ва иҷрои қонунҳои шариат аст.
Имомат дар Қуръон
Дар Қуръон маъноҳои гуногуне барои имом зикр шудааст монанди: раҳбар, китоби ошкор, лавҳи маҳфуз, пешвои аҳкоми амалӣ, роҳу равиш, тариқ, номаи амал ва ғайра(6) вале мо дар ин ҷо танҳо бахши аввал; яъне “роҳбар” ро зикр мекунем:
Чун Иброҳимро парвардигораш бо калимоте биёзмуд ва вай он ҳамаро ба анҷом расонид (Худо ба ӯ) фармуд ман туро пешвои мардум қарор додам. (Иброҳим) пурсид аз хушовандонам (чи тавр)? Фармуд: паймони ман ба золимон намерасад.(7)
Дар тавзеҳи ин матлаб метавон инро гуфт, ки имомат ҳам дар заминаи такомули инсон ва ҳам дар заминаи инҳитоти ӯ матраҳ мешавад. Агар инсон аз назари ақлӣ такомул ёфт ва истеъдодҳои нек дар ӯ пайдо шуд инсони комил ва имом мегардад ва дар ин сурат имомат ба маънои роҳнамоӣ ва раҳбарӣ ба ҳадафи ниҳоии офариниши инсон аст.
Аммо агар инсон дар ҷиҳати хилофи фалсафаи офариниши худ қадам ниҳод ва такомул ёфт боз ҳам “имом” аст, аммо ба маънои роҳнамоӣ ва раҳбарӣ ба гумроҳӣ. Дар мавриди чунин пешвоёне Қуръон оётеро зикр кардааст, аз ҷумла дар сураи Қасас дар мавриди Фиръавн ва пайравонаш мефармояд:
“Фиръавниёнро имом ва пешвоёне кардем, ки одамонро ба сӯи ҷаҳаннам роҳнамоӣ мекунанд ва рӯзи растохез ёрӣ нахоҳанд шуд.”(8) Албатта он чизе, ки мо мехоҳем онро таъриф ва исбот кунем, имомати мусбат аст.
Натиҷагирӣ:
Аз маҷмӯъи оятҳое, ки дар мавриди имомат зикр кардем (имомат ба маънои пешво, ва раҳбар ва инсони комил ва хуб) чунин истифода мешавад, ки имомат дорои мартабаи волое мебошад ва ҳар касе, ки мехоҳад ба ин мақом бирасад бояд дорои вижагиҳо ва хусусиёте бошад.Шахсе ба ин мақом мерасад, ки дар муқобили балоҳо ва имтиҳонҳои Худованд сабру бурдборӣ аз худ нишон диҳад ва дар анҷоми вазифаҳои илоҳӣ кӯтоҳӣ накунад, муртакиби гуноҳ нашавад, бар нафси худ ғолиб барояд ва ҳамчунин бо чашми дил Худоро бишносад ва ба мартабаи яқин бирасад ва дар ҳамаи ҳолат Худоро дар назар бигирад ва ҳар коре, ки анҷом медиҳад барои Худо анҷом диҳад. Чунин шахс лаёқати имоматро дорад.
Имомат дар аҳодиси Пайғамбар(с)
Ҳамаи мазҳабҳои исломӣ ҳадиси “касе, ки бимирад ва имоми замонашро нашносад монанди касе аст, ки дар ҷоҳиҳилият мурда бошад” ба сурати мутавотир нақл кардаанд ва ин ҳадис мавриди қабули мотуридия низ воқеъ шудааст. Абу Ҳафси Насафӣ дар Ақоиди насафия ва Тафтазонӣ дар шарҳи он аз ин ҳадис истифода намуда ва далолати онро бар зарурати имом дар ҷомеа ва лозим будани маърифати ӯ ва итоат аз ӯ мавриди баҳс қарор додаанд.
Тибқи ин ҳадис, ки аз Пайғамбар(с) нақл шудааст вуҷуди имом барои боқи мондани насли инсон зарурат дорад. Ҳар вақт насли башар дар рӯйи замин бошад имом ва ҳуҷҷат низ дар миёнашон бояд бошад. Ин ҳадисро шиа ва суннӣ аз ҷиҳати маъно ба таври мутавотир нақл кардаанд.(9)
Аммо ин ки баъзеҳо гуфтаанд, ки мақсад аз имоми замон Қуръон аст,(10) ин сухан бо маънои ҳадис созгорӣ надорад, зеро:
Аввалан китобро ба маънои имом гирифтан муҷоз ва хилофи зоҳир аст. Ва ҳамчунин изофа кардани калимаи замон ба имом ин маъноро дорад, ки дар ҳар замоне имоме вуҷуд дорад, вале Қуръон дар тамоми замонҳо ҳозир аст. Ҳамчунин имоми гузаштаро имоми замон намегӯянд. Пас маълум мешавад, ки дар ҳар замоне имоми замоне бояд бошад, ки мардум ӯро бояд бишносанд ва аз ӯ пайравӣ кунанд.(11) Ҳамчунин байъат бо имом ва қабул кардани вилояти ӯ дар ҷомеа бо Қуръон созгорӣ надорад ва дар мудатти 15 аср ҳеҷ вақт гуфта нашудааст, ки мусалмонон бо Қуръон байъат кардаанд балки байъат бо халифа, ки ҳокими асри худ будааст, анҷом мешудааст.
Саъдидини Тафтазонӣ дар Шарҳи мақосид зери ҳадиси “ман мота ....” мегӯяд:
Лозим будани итоат ва шинохтани имом инро металабад, ки имом бояд насб шавад.(12)
Натиҷагирӣ
Аз ин ривояте, ки зикр кардем ба дурустӣ мефаҳмем, ки замин ҳеҷ гоҳ холӣ аз имом намебошад ва ҳамчунин бар мо лозим аст, то барои маърифат ва шинохти имом тамоми талош ва кӯшиши худро ба харҷ диҳем. Зеро тибқи ҳадиси Пайғамбар(с) ҳар касе, ки бемаърифати имоми худ аз дунё биравад ба марги ҷоҳилӣ мурдааст. Ва марг дар ҷоҳилият, марг дар куфр ва ширк аст.Пайнавиштҳо:
1- Ибни Ҳумом, Алмусоира, с 5
2- Лисон-ул-араб, ҷ 1, с 109, моддаи умам
3- Ҷомеъ-ул-ақоид, Шарҳи ақоиди Насафӣ, Саъдидини Тафтазонӣ, с 843
4- Шарҳи мавоқиф, ҷ 8, с 345
5- Баррасии масоили куллии имомат, с 26-27
6- Руҷуъ шавад ба сураҳои Ёсин, ояти 12, Аҳқоф, ояти 12, Ҳиҷр, ояти 79, Саҷда, ояти 24
7- Сураи Бақара, ояти 124
8- Сураи Қасас ояти 41 ва Тавба ояти 12.
9- Шарҳи мақосид, ҷ 5, с 239,
10- Тафсири Табарӣ, 8\ 116, ва Тафсири Фахри Розӣ, 21,17
11- Ҳаёт-ул-қулуб, (5) имомшиносӣ, Аллома Маҷлисӣ (раҳ) с 79
12- Шарҳи мақосид, ҷ 5, с 239
Комментариев нет:
Отправить комментарий