суббота, 3 мая 2008 г.

صلفي ها كه هستند؟

Салафиҳо кистанд?

Сўҳбат бо Ҳочй Акбар Тўрачонзода.

Салафиҳо ҳамон ваҳҳобиҳоянд? Алқоида ҳам салафй аст?

Ин чавонон, ки худро салафй медонанд, пайравони Қуръону суннат нестанд?

Вақте барои мусоҳиба бо Ҳочй Акбари Турачонзода омодагй мегирифтам як хабаре, ки дар сомонаҳои интернет ба нашр расидаву дар ростои мавзўи мусоҳиба буд, таваччўҳи маро ба худ кашид, ки як бахши онро ин чо иқтибос меоварам:

«Вазорати умури дохилии Точикистон мегўяд, ҳузури пайравони чараёни салафия ба амнияти кишвар хатар эчод намекунад. Рачабали Муҳаммадалиев, раиси Идораи мубориза бо чиноёти муташаккили ин вазорат гуфт, пайравони салафия дар Точикистон зиёд нестанд ва бо пайравони ҳанафия, ки аксарият дар кишварро ташкил медиханд, ихтилофоти чиддй надоранд. Оқои Муҳаммадалиев муддаъист, ки салафиҳо ҳамсони аъзои Ҳизбуттаҳрир одамонро бар зидди давлат намешўронанд ва дунболи аҳдофи сиёсй низ нестанд. Рачабалй Муҳаммадалиев мегўяд, фаъолияти пайравони чараёни салафия дар Точикистон мамнўъ нест ва салафиҳо низ пайваста қонунҳои чории Точикистонро риоят мекунанд: «Барои як идея намешавад одамро маҳкум кард. Даъвои салафиҳо аслан рочеъ ба усулҳои ибодат аст ва онҳо аксаран бо ходимони дин мухолифат доранд. Теъдоди зиёд надоранд ва чавонҳои зиёде низ аз онҳо чонибдорй намекунанд. Ҳарчанд то имрўз бархе аз тарафдорони чараёни салафия ба мо маълуманд, вале ҳанўз қонуншиканй, аз чумла даъват барои сарнагун кардани сохти давлатдорй аз чониби онҳо сар назадааст».

Ба ростй хондани ин хабар бароям дардовар буд. Шояд гуфтаҳои раиси Идораи мубориза бо чиноёти муташаккили вазорати дохила ба воқеият наздик аст ва шояд шумори салафиҳо дар кишвар зиёд набошанду онҳо ќонунҳои Точикистонро пайваста риоят намоянд. Аммо ихтилофҳои байни пешвоёни чомеа чи оқибате ба дунбол меорад таърихи чандҳазорсолаи инсоният дар ин бора мисолҳои зиёде дораду миллати мо худ низ ахиран, дар аввалин солҳои истиқлоли Точикистон, таъми заҳрогини ин тачрибаро чашидааст. Бадбахтиҳои маҳалгарои барои точик кам буд магар, ки боз ихтилофҳои мазҳабй низ ба сари ин мардум бор карда шавад? Бо таваччўҳ ба халоъи мавчуди идеологй дар чомеа ва кашокашҳои пинҳону ошкор байни ходимони дин барои густариши ҳавзаи нуфузу манофеи шахсй ва сўистифодаи бархе соҳибмансабону созмонҳои давлатй аз ин вазъ барои камранг кардани таъсири уламои динй дар байни мардум ва имрўз иддао намудан, ки салафиҳо (шояд фардо дигар гурўҳе мисли салафия) хатаре ба чомеа надорад, нишон аз дурандешй ва амале бар нафъи чомеа нест. Аммо ҳама медонанд, ки миллат бемаънавияту маърифат ба камол ва истиқлоли воқей намерасад ва дар ваҳдату ягонагй ҳар дину оине қавй ва тавоност ва аксаран фирқагароиву гурўҳбозиҳо ба хотири заъифу очиз гардондани дину оинҳо сохтаву пардохта шудаву мешавад. Агар имрўз як гурўҳи навбаромад бо гурўҳи дигаре баҳсу чадал дорад, пас бояд созмонҳое, ки масъули амнияти ин хок ва мардуми он ҳастанд, камари ҳиммат бибанданд ва аз ҳамакнун пеши роҳи онро бигиранд. Бо таваччўҳ ба ин вазъият сўҳбате доштем бо қозии пешини Точикистон, шахсияти шинохта ва олим Ҳочй Акбар Тўрачонзода ва нахустин саволи мо ҳамон пурсише буд, ки имрўз дар забони аксари аҳли фикр дар чомеа садо медиҳад, яъне:

Салафиҳо кистанд?

- Устоди мўҳтарам, ба назари Шумо салафиҳо кистанд?

- Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Салафия аз назари луғат пайравони аҳли салафро гўянд. Аҳли салаф бинобар ичмоъи уламои ислом насли се қарни аввали таърихи ислом аст. Насли мусулмони се асри мазкур ба таъбири Пайғамбари ислом, саллаллоҳу алайҳи васаллам, «хайру-л-қурун», яъне беҳтарин насли қарнҳои исломй ҳастанд. Салафиҳо имрўз ба се гурўҳ тақсим мешаванд. Гурўҳи аввал, салафиҳои чиҳодй, ки созмони «Алқоида» аз чумлаи он аст. Гурўҳи дуввум, «мадхалй», ки пайравони Рабеъ ибни Ҳодии Ал-Мадхалй ҳастанд. Ин тоифа бо оилаи Оли Саъуд аз солҳои бистум тавофуқе доранд, ки сиёсат ва давлатдорй дар ихтиёри оилаи Оли Саъуд ва фатвою корҳои динй дар ихтиёри пайравони ин мазҳаб аст. Ин тоифа дар ҳама ҳолат аз ҳукумати Сауъдй тарафдорй мекунад. Гурўҳи сеюм салафиҳои «сарварй» аст, ки пайравони Муҳамамд ибни Зайнулобидини Сарварй ҳастанд. Ин тоифа нисбатан мўътадиланд.

Гурўҳи чавонҳое, ки имрўз худро салафй меноманд, дар ҳақиқат салафй нестанд, зеро аксари касоне, ки дар таърих бо номи салафй зикр шудаанд, аз фатвои мучтаҳидони хеш тақлид ва пайравй мекарданд ва худро пайрави мазҳаби ҳанбалй меҳисобиданд. Ҳатто Шайхулислом Ибни Тайимия низ худро дар фиқҳ пайрави мазҳаби Аҳмад ибни Ҳанбал медонист. Дар ҳоле, ки салафиҳои имрўза бо шиори «Мо фақат ба Қуръону суннат амал мекунем», тақлид ба мазҳабҳоро ночоиз ва ҳаром меҳисобанд. Аз ин рў, бисёре аз олимони муосир мисли Аллома Рамазон Бутй дар китоби машҳури худ «Ал-ломазҳабия ахтару бидъатин туҳадидул ислома» (Бемазҳабй хатарноктарин бидъатест, ки исломро таҳдид мекунад) онҳоро мубтадй ва бемазҳаб хонданд.

Бидъат будани бемазҳабй ба хотири он аст, ки реша аз Қуръону суннат ва ичмои уммат надорад. Аммо тақлид ба мазҳаб, ки шеваи пайравони чор мазҳаби аҳли суннат ва чамоат аст, ҳам бо Қуръону суннат ва ҳам бо ичмоъи уммат собит гаштааст. Пас ин гурўҳ худро бояд на салафй, балки «халафй» ё «бемазҳаб» гўянд. Зеро дар ҳақиқат онҳо пайравони мазҳаби «бемазҳабй»-и Носириддини Албонй ҳастанд, ки эшон зодаи асри бист мебошад. Баъзе аз уламо ин тоифаро пайравони мазҳаби «ҳавою ҳавас» номидаанд. Ман низ онҳоро чунин меҳисобам.
Дар
ҳақиқат, маҳз пайравони мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат ва чамоат салафй ҳастанд, зеро поягузорони ин чор мазҳаб, яъне Имоми Аъзам, Имом Шофеъй, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва Имом Молик, раҳматуллоҳи алайҳим ачмаъин, аз чумлаи аҳли салаф буданд, яъне дар се асри аввали ислом зиндагй кардаанд.

- Устод, беҳтар аз мо медонед, ки чомеа ба истилоҳ зоҳирбин аст ва дар аксари ҳолат бардоштҳову натичагириҳои аҳли чомеа бар пояи зоҳири ин ё он масъалаву падида сурат мепазирад. Аз ин дидгоҳ, тафовутҳои зоҳирии салафиҳо бо пайравони Аби Ҳанифа (раҳмати Худо бар ў бод!) кадомҳоянд?

-Тафовути мазҳаби салафиҳои имрўз бо мазҳаби ҳанафй дар умури ақоид низ вучуд дорад, вале дар фурўъот зиёдтар аст. Мисли баланд гуфтани омин, бардоштани дастҳо дар ҳар такбир, гузоштани дастҳо дар болои сина дар вақти намоз, аз ҳадд зиёд кушод доштани пойҳо дар намоз, нахондани Қуръон дар сари қабр барои арвоҳи гузаштагон, мухолифат бо барпо кардани маҳфилҳои мавлуди Паёмбари ислом, хайру садақаҳои маъмулии кишварамон ва ғайра.
Дар масоили а
қидатй мо, пайравони мазҳаби ҳанафия, аз Имом Мотуридии Самарқандй пайравй мекунем, вале ин гурўҳ ҳазрати Имом Мотуридиро ҳатто кофир мегўянд ва пайравонашонро гумроҳ меҳисобанд. Онҳо ҳатто пайравони мазҳаби шофеиро, ки дар масоили ақидатй аз Имом Ашъарй пайравй мекунанд, низ гумроҳ меноманд. Оё вақте ки гурўҳе имоми моро кофир ва пайравони онро, яъне моро, гумроҳ меномад, оё ин боиси ихтилоф дар чомеа намешавад?

Бидъат ва ҳаром эълон кардани чашни мавлуди Паёмбар, алайҳиссалом, магар норозигиро ба вучуд намеорад. Ҳол он ки чашни мавлуди Пайғамбар як амали мустаҳабб, яъне савоб аст. Магар мумкин аст, ки фарди мусулмон чашни мавлуди Паёмбари исломро бидъат ва ҳаром ҳисоб кунад? Хусусан, дар ин асру замон, ки намояндагони дину мазҳабҳои дигар бо ифтихор зодрўзи паёмбарони худро чашн мегиранд.

Чашни мавлуди Паёмбари ислом аз чор амал иборат аст:

1- Саловот фиристодан, ки амри қуръонист.

2- Амри маъруф ва наҳйи мункар, ки он низ амри қуръонист.

3- Ёдоварй аз таърихи ҳаёти Пайғамбар, ки бо ривояти саҳобањои Паёмбари Худо машрўъ шудааст.

4- Додани таъом, ки он низ амри хайр ва савоб аст ва аз Қуръону суннат далел дорад.

Ба ғайр аз ин чор унсур дар чашни мавлуд боз чй амалҳое анчом мешавад, ки ин гурўҳ чашни мавлудро ҳаром мегўянд? Дар бораи машрўъияти чашни мавлуди Пайғамбари Худо даҳҳо рисола аз чониби уламои машҳури мазҳабамон ва дигар мазҳабҳои исломй навишта шудаанд. Чаро бояд ҳамаи мусулмонҳо ҳатман аз дидгоҳҳои Албонй пайравй кунанд?

Ин гурўҳ тиловати Қуръонро дар болои қабр ҳаром мегўянд, ба арвоҳи гузаштагон расидани савоби тиловати Қуръонро радд мекунанд ва ҳамчунин хайру эҳсонро. Чуноне, ки пештар ваҳҳобиён чунин даъво доштанд.

- Бо ин ҳисоб метавонем бигўем, ки салафиҳо ва ваҳҳобиҳо як ҳастанд?

- Бале, ин ду як гурўҳанд. Имрўз ваҳҳобиҳо акнун ба номи салафй, яъне дар ниқоби чадиде арзи ҳастй кардан мехоҳанд. Аммо воқеан ин салафиҳои имрўз ҳамон ваҳҳобиҳои пешинаанд. Ҳеч фарқе байни ин ду гурўҳ нест.

- Як суол пеш меояд, модоме ки салафиҳо ва ваҳҳобиҳо як бошанд, чаро бархе аз маќомоти кишвар, ки чанде пеш ваҳҳобиҳоро бо садҳо гуноҳҳо бадном карда буданд, имрўз ба чойгузини он гурўҳ, яъне ба салафиҳо назари хайрхоҳона доранд?

- Ман ҳам шунидам, ки имрўз баъзе намояндагони доираҳои қудратии мо мегўянд, ки салафиҳо барои амнияти кишвар хатар надоранд. Аммо мантиқ ин аст, ки ба вучуд омадани ҳар гуна ихтилоф ва реша дар таассуб доштани он ба сари худ хатари чиддист, ки чомеаро таҳдид мекунад. Чудой байни чомеа магар ба амнияти кишвар хатар надорад? Ман дар тааччубам, ки чаро онҳо ду сол пеш дар мавриди пайдоиши салафия расман бонги хатар мезаданд, аммо имрўз назарашон якбора тағйир ёфтааст.

Солҳои 80-уми асри гузашта низ дар Точикистон нуфузи эшонҳо ва домуллоҳои суннатй хеле зиёд шуда буд ва обрўи фавқулодда байни мардум доштанд ва масчидҳои расмй наметавонистанд ба онҳо рақобат кунанд. Ҳамон вақт ваҳҳобиҳо мисли салафиҳои имрўза дар муќобили эшонҳо ва домуллоҳои бонуфуз истифода шуда буданд. Нирўҳои қудратии Шўравй дар он вақт хостанд, ки аз нирўи ин чавонон, ки эшонҳоро ҳаромхўр ва маросимҳои худой ва садақаро ҳаром меномиданд, истифода баранд.

Имрўз низ шояд баъзе файласуфони атеист ва радикалҳои дунявй, ки душманй ба дини ислом доранд ва дар фазои идеологии кишвар пуртаъсир ҳастанд, аз он ки ҳоло уламо ва эшонҳо дар чомеа нуфуз пайдо кардаанд ва масчидҳо лабрез аз чавонони намозхон шудаанд ва духтарҳо бо вучуди фишорҳои зиёд ҳичоби исломиро риоят мекунанд, бисёр нороҳат шуда, шояд ба баъзе масъулини қудратии кишвар чунин тавсияҳо дода бошанд, ки бояд аз ин гурўҳи навбаромад дар муќобили домуллоҳои бонуфузи кишвар истифода шавад. Ман яке аз сабабҳои эҳтимолии тағйири мавқеъро дар ҳамин мебинам. Агар сабаби дигаре бошад, ман намедонам.

- Чаро салафиҳо махсусан зидди пайравони мазҳаби шиъа муборизаи шадид мебаранд?

- Аз солҳои 1988 то солҳои 1998 банда ба кишвари Арабистони Саудй сафарҳои зиёд доштам. Баъзан то ду-се ҳафта дар он чо мемондам. Бисёре аз шахсиятҳои мансабдори бузург, сарватмандон, олимони шинохта дар моҳҳои мавлуд чашни вилодати Пайғамбари Худоро дар манзилҳояшон баргузор мекарданд. Илова ба зиёфати бисёр ҳам бузург ва фохир ва иштироки садҳо нафар, авввал аз ҳаёти Паёмбари Худо сўҳбате мешуд ва сониян, чанд нафар хушовозҳо, асосан мисриҳо мадҳияҳои ниҳоят пурмазмуну пуртаъсир мехонданд. Баъдан бо тиловати Қуръон чаласаро хатм намуда, дасти шайхашонро бўса карда, мураххас мешуданд. Барои ман бори аввал ин саҳна боиси тааччуб буд, зеро медонистам, ки ба ақидаи салафиҳои Саъудия чашни мавлуди Пайғамбар бидъату ҳаром аст ва ин сиёсати давлат аст. Пас чаро ин мансабдорони давлатй натарсида чунин чашнҳоро барпо мекунанд ва дар онҳо иштирок менамоянд? Ин саволро ба яке аз мансабдорони олимақоми ташкилоти чаҳонии Робитаи исломй додам. Дар чавоб хандида гуфт, ки хушбахтона, ҳоло таассубу сахтгириҳои солҳои 50-ум ва 60-ум нест. Ва бисёр изҳори таассуф кард, ки дар он солҳо салафиҳо аз рўи камхирадй ва таассуб беҳтарин ёдгориҳои исломй дар Арабистони Саудиро нобуд сохтанд. Аз чумла ҳучрае, ки дар он Пайғамбари Худо таваллуд шуда буд, ба замин ҳамвор карданд ва бисёр ёдгориҳои дигари таърихи исломро аз байн бурданд.
Ҳамчунин, дар он вақт бар зидди шиъаҳо низ баҳсҳое дар чомеаи Арабистони Саудй вучуд надошт. Чунин баҳсҳо асосан пас аз воќеаҳои 11 сентябри соли 2001 шурўъ шуданд. Имрўз акнун яке аз вазифаи асосии касоне, ки худро салафй ҳисоб мекунанд, дар тамоми чаҳон мубориза бо пайравони мазҳаби шиъа аст. Ба фикри ман, ин тарҳ ва супориши доираҳои муайяни ғарбй аст, ки на танҳо бар зидди Эрон, балки бар зидди ваҳдату қудрати мусулмонон равона шудааст. Масалан, ин маблағҳои зиёде, ки имрўз ин гурўҳ дар ихтиёр доранд ва ин қадар китобу диску наворе, ки бепул тақсим мекунанд, фақат барои ҳамин хидматашон он доираҳо дар ихтиёри ин гурўҳ мегузоранд.

Ин чавонҳое, ки имрўз худро мудофеони исломи пок ҳисоб мекунанд, дар асл дар масоиле, ки барои мусулмонон бисёр муҳимм аст, изҳори назар намекунанд. Касе дар Точикистон ёд надорад, ки инҳо барои баста шудани масчидҳо садо баланд карда бошанд ё вақте, ки Қуръони азимушшаънро ба «Майн Камф»-и Гитлер монанд карда буданд, мақолае навишта бошанд, ё вақте ки Пайғамбари Худоро дар матбуоти худамон мағзиодамхўр ва бадтар аз Чингиз ҳисоб карда буданд, дифое накарданд. Ё вақте духтарҳои моро ба сабаби доштани рўймол аз дарсҳо пеш мекарданд ё аз донишгоҳҳо ихроч мекарданд, сукут варзиданд. Пас худ биандешед, ки инҳо чй касон ҳастанд ва дар хидмати кй ҳастанд…

- Оё Шумо бо ин чавонон ҳарфи гуфтание доред?

Аз ин фурсат истифода бурда, ба ин чавонон мурочиат намуда, хоҳишу илтимос мекунам, ки аз ин роҳи худ баргарданд. Зеро бо гузашти андак муддате худашон низ мефаҳманд, ки ин роҳ хато будааст. Ин чавонони мо фикр намекунанд, ки бо ин корҳояшон ба осиёби душманони ислом ва кишвар об мерезанд, амнияти кишвар ва ваҳдати мусулмононро барҳам мезананд. Ваҳдати мусулмонон фарз аст ва мо онро бояд ҳифз намоем. Пайравони тамоми мазҳабҳо ба мо бародар ҳастанд, чй мазҳабҳои чоргонаи аҳли суннат ва чй мазҳаби шиъа ва исмоилия ва зайдия…
Биёед, тасаввур кунед, ки агар имрўз байни шиъа ва суннй низое сар шавад, тамоми олами ислом месўзад. Он ва
қт он чизе амалй мешавад, ки душманони ислом асрҳо дар орзуи амалй шудани он буданд. Биёед, нагузоред, ки ин нақшаи онҳо бо дасти шумо амалй шавад!

Мусоҳиб Зафари СЎФЙ

(сайтҳои Точики)

Комментариев нет: