четверг, 1 мая 2008 г.

Зиндагонии Исмоъили Бухори............................ اسماعيل بخاري

Бухорӣ кист? Бхорӣ Абу Абдуллоҳ Муҳаммд бин Исмоил бин Иброҳим бин Муғайра бин Бардзия, Абу Абдуллоҳ Ҷуъфӣ аз маъруфтарин муҳаддисони аҳли суннат ва нвисандаи асари муҳимми ҳадисии Ал – Ҷамеъ – ул – саҳеҳ маъруф ба Саҳеҳ Бухорӣ мебошад. Таърих ва маҳалли таввалуд Бухорӣ дар 31 – якуми шавволи соли 194 ҳ.қ. дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ падарашро, ки ровии муътабари ҳадис буд, аз даст дод ва мадараш тарбияти ӯро ба уҳда гирифт. Ӯ дар ҳамон даврон биноияшро аз даст дод, вале бо дуои мадараш онро боз ёфт . Таҳсилоти Бухорӣ Бухорӣ дар синни хурдсолӣ пдарашро аз даст дод ва модараш тарбияти ӯро ба ӯҳда гирифт. Таҳсил ва фаро гирифтани илмро аз синни даҳсолагӣ оғоз кард ва дар бистсолагӣ барои фаро гирифтани улум аз ватани худ ба сафарҳои илмии худ оғоз кард. Сафарҳои илмии Бухорӣ Бухорӣ дар ҷустуҷӯи ҳадис ба расми бештари олимон ва муҳаддисони рӯзгор, сафарҳои дуру дароз кард ва дар шаҳрҳои Хуросон, Ҷибол, Ироқ, Миср, Шом ва Ҳиҷоз назди устодон ба фарогирии ҳадис пардохт. Ӯ ҳангоми иқомат дар Басра дар мудати 16 рӯз беш аз понздаҳ ҳазор ҳадис ҳифз кард. Дубора ба Шом ва Миср ва Ҷазира ва чаҳор бор ба Басра рафт, шаш сало дар Ҳиҷоз иқома ҷуст ва ба Куфа ва Бағдод бисёр сафар кард. Ӯ садҳазор ҳадис бо санади саҳеҳ ва дусад ҳазор ҳадиси дигарро ҳифз карда буд . Ва муддаъӣ буд, ки назди беш аз ҳазор шайх ҳадис шунидааст . Имом Бухорӣ дар кадом мазҳаб будааст? Ба ақидаи муҳақиқон наметавон Имом Бухориро пайрави яке аз мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ё мазҳаби машҳури дигар донист. Дар ҳақиқат ӯ маслаки фиқҳӣ хос дошт ба фикри худ иҷтҳод мекард ҳарчанд бархе аз пайравони мазҳаб кушидаанд ӯро пайрави мазҳаби худ муарифи кунанд ва за Сабкӣ номи ӯро дар китоби худ дар шуомарои уламои шофиеъи ва Қозӣ ибни Абияъло дар радифи уламои Ҳанбалӣ овардаанд . Бо тавваҷӯҳ ба назариёт ва фатвоҳои фиқҳӣ ӯ, ки шайх Ҷамолиддин Қосимии Димишқи бо баҳрагири аз унвонҳои бобҳои китоби Саҳеҳ Бухорӣ, ӯро дорои маслаки мустақил донистааст. Асарҳои Эмом Бухорӣ 1). Китоби ал – ҷамеъ – ул – саҳеҳ, 2). Китоби биладаб – ул – муфрад, 3). Китоби бир –ул- валидайн, 4). Китоби ал – ҳиба, 5). Ктоби Ал – қироат халфи имом, 6) Китоби Рафъ – ул – ядайн фи салот, 7). Китобаи Хулқ – ул – афъолил абд, 8). Китоби Торихи кабир, 9). Китоби торих – ул –васат, 10). Китоби ториху –ус – сағир, 11). Китоби Ал – ҷомеъ –ул – кабир, 12). Китоби ал Муснад – ул – кабаир, 13). Китоби тафсири кабир, 14). Китоби ал – ашриба, 15). Китоби ал илал, 16). Китоби асоми – ус – саҳоба, 17).Китоби ал – ваҳдон. 18). Китоби алмабсут, 19). Китоби ал канӣ, 20). Китоби ал фавоид . Шарҳҳои саҳеҳ Бухорӣ То кунун 59 шарҳ (тамом ё нотамом) бар Саҳеҳ Бухорӣ навишта шудааст, ки ёздаҳ шарҳи аз онҳо чоп шудааст. Ба илова 29 тан барои он поварақӣ ва шонздаҳ тан муқадима навиштанд ва понздаҳтан онро хулоса карданд аз ҷумла шарҳҳои Саҳеҳ Бухорӣ иборатанд: 1. Аълому сунан шарҳи имом абу Сулаймон Аҳмад ибни муҳаммад ибни иброҳим ибни Хатоб Албатӣ Алхатобӣ мутавфои 338 ҳ- қ. 2. Фатҳ – ул -борӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ навиштаи Ҳофиз Шаҳабуддини ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мутавафои 852 ҳ-қ. Уламо ҳадис онро бетарин шарҳи китоба донистаанд. 3. Умдат – ул - қорӣ фи шарҳ – ул - Бухорӣ талифи Муҳаммад ибни Аҳамад Айнӣ мутавафаои 855 ҳ – қ. 4. Иршод – ус - сорӣ фи шарҳ – ул - Бухорӣ аз Аҳмад ибни Абибакр Қасталонӣ мутавфои 223 ҳ – қ. 5. Шарҳи Абу зайд Абдулқодир ибни Алии Фосӣ. Торих ва маҳалли вафоти Имом Бухорӣ Имом Бухорӣ дар соли 256 дар синни 62 салагӣ дар зодгоҳи худ деҳкадаи Хартанг, ки яке аз деҳоти Бухоро аст вафот намуда ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Муъарифии китоби Саҳеҳ Бухорӣ Бухорӣ бараи талифи ин китоб 16 сол вақт сарф кард ва аҳодиси онро аз миёни 6000000 ҳадис ҷамовари карда ба ақидаи худаш ин аҳодис сиҳат ва тавсиқ дорад . Тибқи таҳқиқи банда Саҳеҳ Бухорӣ дорои 77 китоб ва 3792 боб буда ва иборат аз 7008 ҳадис аст. Амма тибқи навиштаи Дониномаи ҷаҳони Ислом Саҳеҳ Бухорӣ 98 китоб ва 3450 боб тадвин шуда ва тедоди аҳодис он ар ҳазфи такрориҳо ба гуфтаи ӯ ва Нававӣ ҳудуди 4000 ҳадис, аммо ба ақидаи Ибни Ҳаҷар 2761 ҳадис мебошад . Саҳеҳ Бухорӣ аз дидгоҳи донишмандони аҳли суннат Аз дидгоҳи аҳли суннат Бухорӣ арзиши бисёре дорад аимаи ҳадис дар фазоили ӯ бисёр сухан гуфтанд баъзеҳо иддаъо карданд, ки дар илми ҳадис касе донотар аз Бухорӣ нест. Муслим гуфтааст, ки ман шаҳодат медиҳам, ки монанди ӯ дар дунё вуҷуд надорад. Уламо иттифоқ кардаанд, ки саҳеҳтарин китобе, ки навишта шудааст Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим аст ва низ ҷумҳури аз уламо иттифоқ бар ин карданд, ки Саҳеҳ Бухорӣ саҳеҳтар аст ва низ фоидааш бештар. Ҳофизи Алии нишопурӣ мегӯяд: Саҳеҳ Муслим саҳеҳтар аст . Соҳаиби китоби Удат – ул – қори шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ мегӯяд: Уламои шарқ ва ғарб итфоқ аш ин доранд, ки баъд аз китоби Худо саҳеҳтар аз Саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим вуҷуд надорад ва баъзеҳо Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ тарҷеҳ доданд, вале ҷумҳури уламо Саҳеҳ Бухориро бар Саҳеҳ Муслим тарҷеҳ доданд ба хотири ин ки фоидаи Саҳеҳ Бухорӣ нисбат ба Саҳеҳ Муслим бештар аст . Абу Зайди Марвазӣ мегӯяд: Ман дар байни рукн ва мақом хоб будам Набии Мукаррами Исломро дар хоб дидам паёомбар ба ман гуфт: Тобакай китоби Шофиъиро тадрис мекунӣ? Китоби маро тадрис намекунӣ? Гуфтам эй расули Худо китоби ту кадом аст? Гуфт Ҷамеъи Муҳаммад ибни Исмоил . Заҳабӣ дар китоби торих – ул – Ислом менависад, ки Саҳеҳ Бухорӣ бузургтарин ва бо фазилаттарин китоб аст баъд аз китоба аллоҳи тоъоло . Заҳабӣ ҳангоми зикри баъзе аҳодиси он мегӯяд: Агар ҳайбати Саҳеҳ Бухорӣ набуд мегӯфтам ин аҳодис ҷаъли аст . Ба гуфтаи Имом – ул – Ҳарамайн агар касе қасам бихурад тамоми аҳодиси Саҳеҳайн (Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим) мутобиқ бо вақеъ ва каломи Расули Худо(с) аст, қасами ӯ дуруст аст, кафорае ба ӯ нест, зера ҳаммаи уммат исломӣ дар сиҳати онҳо иттифоқ доранд . Муҳаммад Абурайя мегӯяд: Аз ин ру бисёри ҳофизони аҳодис онро бидуни таҳқиқ пазируфтаанд ва ҳатто таслим комил дар баробари аҳодиси мазбур аз усули имон ва аркони Ислом талақи шудааст . Бухорӣ ҳеҷ ҳадисеро дар китоби худ наёвардааст магар ин ки пеш аз навиштани ҳадис ғусул кард ва ду рукаъат намоз хонд . Ибни Таймия мегӯяд: Аҳли илми иттифоқи назар бар ин доранд, ки баъд аз Қуръон саҳеҳ тарин китоб Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслми аст . Алоӣ мегӯяд: Аимаи ҳдис иттифоқи назар бар ин доранд, ки ҳар он чизеро Бухорӣ ва Муслим дар китобашон иснод додаанд, пас он чиз саҳеҳ аст набояд дар мавриди он изҳори назар шавад . Нақде бар Саҳеҳ Бухорӣ Бовуҷуди ин ки аксари уламои аҳли суннат Саҳеҳ Бухориро баъд аз Қуръони Карим беҳтарин китоб муъарифӣ кардаанд, баъзе аз бузургони ҳадис аз аҳли суннат хусусан Ҳофизи Доруқутнӣ ба нақди он пардохтааст. Ин ақидаро, ки аҳодиси он саҳеҳтарин аҳодис башумор меравад мавриди муноқиша қарор додааст. Бахши муҳимми аз ин эрод аз ҷумла бештари эродҳои Ҳофизи Доруқутнӣ мутавҷеҳи риҷоли асноди Бухорӣ аст. Абурайя мегӯяд: Саҳеҳ Бухорӣ бо вуҷуди ин ки баъзе аз Эмомони Атҳорро дарк кардааст вале ҳеҷ ҳадисе аз онҳо нақл накардааст. Аз дигар нишонаҳои заъфи ин китоб тақтеъ ё такрори теъдоди бисёри аҳодиси он аст. Аз навиштаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ сабаби ин ки баъзе аз уламои мағриб ва Абуаълои Нишопурӣ Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ тарҷеҳ додаанд, ҳамин амр -яъне тақтеъ ё такрори бисёри аз аҳодис -ва низ диққати Муслим дар навиштни лафзҳои ҳадис буда аст, зеро Муслим аҳодисро тақтеъ намекардааст. Эроди дигаре низ бар Саҳеҳ Бухорӣ кардаанд, ки вай ба нақли алфоз аҳодис муқайяд набуда ва гоҳе баъзе аҳодисро нақли ба маъно кардааст.
гирдоваранда: Муҳаммадуллоҳи Ҳалим

2 комментария:

TOJIK комментирует...

salom

TOJIK комментирует...

салом
бисёр матлаби хуб буд
боз нависед!